«COVID-19». Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 07.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон ҷудо намудани 189,5 миллимон долларро тибқи низоми қарздиҳии тезонидашуда дар иртибот ба мубориза бо пандемияи «COVID-19» тасдиқ кард. Дар ин бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба такя ба Департаменти робита бо ҷомеаи Хазинаи байналмилалии асъор иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои қонеъ гардонидани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи «COVID-19» равона мешавад.
Ҳамзамон тибқи хабари сарчашма Хазинаи байналмилалии асъор таъкид намудааст, ки ин кумак ба таъмини суботи вазъи иқтисоди ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имкониятҳо барои хароҷоти соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба «COVID-19» нигаронида мешавад.








Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд






