Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон

Июнь 25, 2020 08:38

ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Роҳи расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввуротҳо осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз сокинони кишвар мубориза, ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокии хуб ва фарҳанги сиёсии волоро талаб менамояд», чунин нигоштааст унвонҷӯи соли якуми Иститути сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳсин Муродзода.

Ӯ барои тақвияти гуфтаҳои хеш аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорад: «Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдоду мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш шуда  наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии милли ваҳдату ягонаги ва рушди тафакури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».[1] 

Муаллиф дар идома менависад:

— Ба ҳамагон маълум аст, ки таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамраъию созгории тамоми аҳолии ҳар як мамлакат қабл аз ҳама ба сиёсату фаъолияти давлати мазкур, ки асосан барои идораи ҷомеа, барои таъмини вазъи муътадили иқтисодию иҷтимоии он эъмор шудааст, вобастагӣ дорад. Барои ҳифзи яклухтии мамлакат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дар навбати аввал, шароити муътадилу ороми зиндагии мардум, баробарҳуқуқии воқеӣ ва дӯстию ҳамкории комили тамоми халқу миллатҳо ва гурӯҳу табақаҳои иҷтимоиро таъмин кардан лозим аст.

Дар ҳақиқат ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ дар ҳолате, ки агар манфиату дархостҳои табақаю гурӯҳҳои мухталиф, қавму миллатҳои сокинони кишварро баробар ба эътибор гиранд, бе шубҳа дар чунин ҷомеа норизоӣ, носозгорӣ ва парокандагӣ рух нахоҳад дод. Бинобар ин сиёсати некандешу хирадмандона яке аз омилҳои асосӣ ва зарурии таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад ва аз ин рӯ, муҳимтарин шарти истиқлолият ва устувории давлат дониста мешавад.

Ваҳдати миллӣ ё ин ки ягонагии миллӣ, яъне худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ мубориза бурдан аз муҳимтарин шартҳои такмили шуури миллӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавист. Бояд эътироф намуд, ки ин сифатҳо дар шуури на ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷик дар як сатҳ қарор дорад. Дар онҳо, баъзан эҳсоси ягонагии маҳаллӣ-маҳалгароӣ, ки ба деҳ, ноҳия ё вилояте маҳдуд аст, ҳатто зидди дигарон равона шудааст, чунин эҳсосоти манфӣ нисбати якдигар бартарӣ дорад, ки  мо оқибатҳои онро  дар таърихи навини кишварамон ба хубӣ дарк намуда, бо чашмони худ дидаем.

Аз ин сабаб, дар шароити кунунии давлатдорӣ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлати миллӣ, амнияти Ватан, таҳким ва рушди ниҳодҳои демократӣ, баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинии мардум ва таҳкими ҳуввият миллӣ зарур аст. Пиёда сохтани ин масъалаи муҳим кори саҳл набуда, сиёсати дурандешонаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро талаб менамояд.

Масъалаи дигари дорои аҳамияти аввалиндараҷа, ки давлату миллат ба он зарурат ва ниёз дорад, ин пеш аз ҳама  баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсии мардуми кишвар аст, ки бе ин чиз шуури мардуми мо ноқис аст ва пояҳои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатии мо ноустувор аст. Шахси бедониш, бесаводро гумроҳ намудан ва аз вай истифода бурдан бисёр осон аст. Бояд гуфт, ки  бе илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии кофӣ, ба қадри неъматҳои моддию маънавӣ расидан номумкин аст.

Бояд гуфт, ки унсури аслии пешрафту тараққии ҳар миллату кишваре забони миллии ин кишвар аст, ки ҳам дар пешрафти фарҳанг ва ҳам шуур, нақши аввалро соҳиб аст. Яъне забони миллии мо то ҳануз дар ҳоли хуби густариш қарор нагирифтааст. Ва ба пуштибонии ҷиддиии давлат ниёз дорад. То замоне ки он  ба сурати лозима дар кишвар корбурда нашавад, мардум соҳиби тафаккур ва шуури баланд шуда наметавонанд. Аз ин сабаб кӯшиш намудан лозим то тамоми коргузорӣ дар кишвар бо забони тоҷикӣ сурат бигирад. Вобаста ба ин, ба фаъолияти телевизион аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро дар такмили шуури мардум васоити ахбори омма, махсусан телевизион, нақши махсус дорад. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аксари мардум, хоссатан ҷавонон, бо тамошои кинофилмҳо ва клипҳои гуногун майл пайдо карда, ба  қаҳрамонҳои онҳо тақлид намуда,  ба фаҳшу зуроварӣ, қатлу ғорат даст мезананд: «Зиёд гаштани намоиши филмҳои криминалӣ, шаҳвонӣ, фантастикӣ, ҷои киноповестҳо ва кинодрамаҳоеро ки хусусияти ахлоқи тарбиявӣ доранд танг намуданд, ки ин чиз ба ташаккули арзишҳои эстетикӣ, ахлоқӣ, маданӣ, фарҳангӣ ва шууру равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад» [2]. Ва гуфтан бо маврид аст, ки заифшавии хусусиятҳои ахлоқӣ ба бегонапарастӣ ва бегонашавии иҷтимоӣ-фарҳангиро оварда расониданашон мумкин аст. Барои мустаҳкамии арзишҳои миллӣ ва маънавӣ ҷомеаро зарур аст, ки ҳифз аз онҳо намоянд.

Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои манфиатбахш, таъмини онҳо бо ҷойҳои кории мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифатӣ ҳуқуқӣ, дастгирии соҳибистеъдодҳо иқдомест баҳри таҳкиму тантанаи Ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа. Чуноне, ки Пешвои миллат, асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд шукр гуем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем»[3].

Ин супориши сарвари мамлакат албатта пеш аз ҳама ба мо насли ҷавон дахл дорад ва моро масъул месозад, ки натанҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунем, балки масъулем, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ,  иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамраъӣ бо халқҳои сулҳпарвару тарақихоҳи олам ба тамоми ҳастиамон  ҳифз намоем.

Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисозу фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи  ин Ваҳдати миллӣ гардид. Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияту нек, виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва барои ҷомеа ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд.

Дар натиҷаи ин ҳама созандагиҳо самтҳои иҳтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф рушд намудаад, ки ба манфиати шаҳрвандони кишвар махсусан мо-ҷавонон равона карда шудааст.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар баромадҳояшон қайд мекунанд: “ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд”.

Ҳақ ба ҷониӣи эшон аст, зеро ки ояндаи ин миллату сарзамин дар дасти ҷавонон аст.

Ҳама шароитҳо барои ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, то ки аз ахбороти ҷаҳон бохабар бошанд, маълумоти олии касбӣ гиранд, аз навгониҳои навтарини техника ва технологияҳои ҳозиразамон бархурдор бошанд ва мутахассиси соҳаи дилхоҳ шаванду фаъолият намуда, зиндагии осоишта дошта бошанд.

Боиси сарбаландию хушнудии мо-ҷавонон аст, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат ҷавонон кор ва фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ман итминони комил дарам,ки ҷавонон дар муқоиса  бо  қишрҳои  дигари  ҷомеа,  бояд бештар фаъол бошанд ва  ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Ҳифзи рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои истиқлолият  ва  бо дили гарм,нерӯи бунёдкорона дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон ширкат варзидан, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кардан, худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доштан ва парчамбардои ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон будан унсурҳои муҳими рисолати ватандории ҷавонон мебошад.

Ҷавонони даврони Истиқлолият ба қадри неъматҳои бебаҳои озодӣ, сулҳ, фазои амн ва шароити беҳтарини таҳсил мерасанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бо суханҳо, балки дар намунаи  амалу  хизматҳои ибратбахши худ, ба мо чӣ будани Ватану ватандориро пайваста меомӯзонад. Яъне ки мо натанҳо сухану насиҳат мешунавем, балки аз хизматҳои шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат мегирем. Воқеан ҳам ӯ ба мо дарси ватандориро дар намунаи худ омӯзонд.

Мо — ҷавонон шукрона аз он менамоем, ки дар интихоби касбу ҳунар, кор ва фаъолият комилан озод ҳастем. Ба донишҷӯёни солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ озодона ва бе тарсу ваҳм аз хона берун шудан, танҳо  як орзую ҳавас буд. Вале имрӯз, мо ҷавонони ватандори миллат шукрона аз он мекунем,ки неъмати бебаҳои  Ваҳдати миллӣ, яъне сулҳу субот, фазои дустиву рафоқат, ҳамдилӣ ва умед аз ояндаи неки Ватанамон  моро насиб гаштааст.

Аз ин рӯ месазад, ки Мо — ҷавонони баномуси Тоҷикистони азиз ҳар ҷое, ки бошем ҳисси баланди  ифтихори миллӣ дошта бошем, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги куҳанбунёду тамаддунофари миллии хеш фахр намоем  ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем.

Мо — ҷавонони имрӯза, яъне насли замони Истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи  олии ҳуввияти миллӣ ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорем, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Агар ҳар яки мо барои ободу зебо гардонидани Ватан самимона заҳмат намоем, иқдому ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ намуда, баҳри амалигардонии ин ҳадафҳо аз як гиребон сар барорем, Тоҷикистон ба таври табии ободу зебо гашта, ба як давлати пурқудрат ва пешрафта табдил меёбад.

[1] Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён». Лондон. 2000. – с. 5

[2] С. Сафаров —  Ислом ва ҷавонон дар Тоҷикистони муосир (бо заб.русӣ) / Вазъияти иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон: пешниҳодот ва роҳҳои ҳал.Маҷ.мақолаҳо.Душанбе,2006.-Саҳ.44-45.

[3] Эмомалӣ Раҳмон — «Ватани худро дўст доред, ҳифз кунед ва қадр намоед»(Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони  кишвар) – Душанбе. 2005

Июнь 25, 2020 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад