«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад

Декабрь 3, 2020 15:42

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ   5 толори махсус  барои ҳар як наминатсия омода карда шудааст. Масъулони Китобхонаи миллӣ  ҳоло пайи ороиши толорҳо, насби намолавҳа ва дигар корҳои муҳим машғул мебошанд.  Ҳадаф аз ин омодагиҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Зимни суҳбат бо мо муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории давари ҷамбастии озмун ҳамаҷониба омода мебошад. Ҳар як номинатсия бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шуда,  барои ҳар номинатсия 15 нафар роҳбаладон аз ҳисоби кормандони Китобхона  ҷудо гардида, ҳар толор ба таври махсус вобаста ба наминатсияи озмун ороиш дода шудааст.

Ба иттилои Гадобег Маҳмудов,  шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун 267 нафарро аз рӯи 5 номинатсия ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ 23 нафар мебошанд.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

Дар озмун нахуст иштирокчиёни вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон,  баъдан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва дар охир довталабони шаҳри Душанбе шунида мешаванд.

Ба андешаи муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов, ба се гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён кори доваронро хеле осон мекунад. Иштирокчиёни озмун бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Илова бар ин дар ҷараёни баргузории озмун иштирокчиёнро саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти мамлакат интизор аст.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» андешида шудаанд. Ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат- «Тоҷикистон», «ТВ Баҳористон», «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе-HD» сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2020 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
«МАСНАВИХОНӢ». Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд