ЧӢ ТАВР ДАР ДАҲ МОҲ 3000 САҲИФА ВА ДАР ЯК СОЛ 365 МИСРАЪРО МЕТАВОН АЗ ХУД НАМУД? Посух ва пешниҳоди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гавҳар Шарофзода дар ин маврид

Февраль 10, 2021 17:13

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агар ҳар модар бо фарзанди худ дар як рӯз 30 дақиқа китоб хонад, дар ин давра 10 саҳифа китоб хонда мешавад, яъне агар 1 моҳ 30 рӯзро дар бар гирад ва ҳар рӯз 10 саҳифа китоб бо фарзандон хонда шавад, дар 1 моҳ 300 саҳифа китоб хонда мешавад. Агар ин ҳолатро то 10 моҳ идома бидиҳем, пас 10 моҳро ба 300 зарб намоем, 3000 ҳазор саҳифаро дар бар мегирад, ки ин ҳолат ба ҷаҳонбинӣ ва инкишофи нутқ, таҳлили матни хондаи фарзандонамон таъсири мусбат расонида метавонад. Ин пешниҳодро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар ШАРОФЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори  бо АМИТ “Ховар” баён дошт.

Вакили мардумӣ дар идомаи суҳбат чунин изҳори андеша намуд:

 -Тибқи таҳлилҳои устодони фанни педагогика ва равоншиносӣ, кӯдаки то 3-сола бояд зиёда аз 320 калимаро пурра донад ва дар суҳбатҳояш истифода барад.   Дар таҳлиле, ки мо ба миён гузоштем, танҳо 10 моҳро ба назар гирифтему халос, зеро агар як сол 12 моҳро дар бар гирад, пас 2 моҳ барои истироҳати рӯҳии фарзандамон кифоя аст.

Дар ин пешниҳод дар мавриди хондани китоб бо фарзандон   вақти муайяншуда дар назар дошта мешуд.    Вале бояд аз ёд набурд, ки  гузаштагони хирадманду орифи мо ҳам бо наср менавиштанду ҳам бо назм. Пас нақши назми оламгири тоҷикӣ-форсӣ дар кадом ҳолат қарор дошта метавонад? Масалан, агар 1 сол = 365 рӯз бошад, фарзанди 3-4-солаи мо ҳар рӯз 1 мисраъ аз «Шоҳнома»-и безаволи устод Ҳаким Фирдавсӣ аз худ намояд, дар 1 сол он ба 365 мисраъ баробар  мешавад.   Дар 10 сол 3650 мисраъро фарзанди мо аз худ карда метавонад.

Пас, фарзанди 3-4-солаи мо дар 14-солагиаш 3650 мисраъ аз ин шоҳасарро аз бар менамояд. Яъне, агар «Шоҳнома»-и безавол 60 ҳазор байтро дар бар гирад, пас фарзанди мо дар 10 сол 16-мисрагӣ аз худ намояд, он 60 225 мисраъ буда, дар 13-14 солагиаш (давоми 10 сол) аллакай «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯсиро пурра аз худ карда метавонад. Танҳо барои иҷрои ҳамаи ин талабот моро зарур аст, ки ҳар рӯз 30 дақиқа бо фарзандонамон машқи хондану аз ёд карданро иҷро намоем.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки тарбияи фарзанд мудом бар дӯши хонавода буда, онҳо ҳар чизеро, ки дар хонавода аз худ мекунанд ё мебинанд, онро ба ҷомеа мебароранду идоракунандаи ҷомеаи солим ё носолим мегарданд. Яъне, оилаи солим ҷомеаро солим нигоҳ медорад ё баръакс. Ба хотири солим нигоҳ доштани ҷомеа ниёгони мо мудом ба хонавода аз нури маърифат, китобхониву китобдорӣ хабар медоданд ва таъкид менамуданд, ки китоб дар хонадон баракату роҳат аст. Агар хонаводае, ки дорои китоб бошад ё китобхонаи хурду бузург дошта бошад, ин хонавода дар пайроҳаҳои пурпечутоби рӯзгор ҳатман пайроҳаи неки худро пайдо менамуд, ки роҳбалади асосии он, албатта, сатрҳои пур аз маслиҳату маърифати китобҳои хонаводагӣ буданд.

Асосан сабаби пайдо шудани афсона, ҳикоя, ривояту андарзҳои хонаводагӣ, пеш аз ҳама, таъсири китобҳои хондаи пирони хонавода мебошанд. Барои мисол, дар гузашта китобро мардум хаттотӣ менамуданд, ба ҳама ин гавҳари ноёб намерасид, аз ин рӯ дар як хона ё макони интихобнамуда ё хонаи шахси китобдор аҳли деҳа ҷамъ шуда, як-як онҳое, ки хонда метавонанд, ба қироати китоб машғул мешуданд. Нафарҳое, ки ба меҳмонӣ омада буданд, аз сабаби як ё ду дона будани китоб онро ҳангоми ба деҳа баргаштан бо худ бурда наметавонистанд. Аз ин рӯ, китобро аз ёд ё қориазёд мекарданду баъди ба деҳа баргаштан онро ба аҳли деҳа нақл менамуданд ё ривоят мекарданд.

Нисбат ба фарзандони миллати тоҷик гуфтаҳои зиёд низ мавҷуданд. Мегӯянд, ки гузаштагони мо дар хурҷини роҳ ба ғайр аз як халтача талқон, як машк об ҳатман бо худ китоб ҳам доштаанд. Ҳикоят мекунанд, ки писарбачае хазинаеро пайдо мекунад, ки он пур аз зару зевар буда, чанд китоби дигар низ доштааст. Ин хазинаро ба пеши падар меораду шодикунон мегӯяд, ки падарҷон, бубинед чӣ қадар зару зевар ва бойигарӣ пайдо кардам. Падар ба борхалта як назар карда. мегӯяд, ин ҷо танҳо ду боигарӣ ҳаст ва китобҳоро рӯи даст гирифта, ба дидагон мемоладу ба писараш мегӯяд, боқимондаҳоро ба ҳамсояҳо тақдим намо, яъне падар ин ҷо боқимонда гуфта, зару зеварро дар назар дошт.

Ҳамин тавр, дар аҳди давлатдории Сомониён ва то ин давра низ гузаштагони мо аз китоб, бузургии он, ин рушанибахши роҳи рӯзгор хабар доштанду соҳиби китобхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ низ буданд. Ҳарчанд ин китобхонаҳои бузург аз дасти Искандар, араб, Чингиз ва дигарон ба коми оташ рафта бошанд ҳам, ниёгони мо қисми зиёди онро дар ғору дарғотҳо, таги сангҳо, гӯрҳои кӯҳна ба хотири наҷот додан пинҳон менамуданд, то ин ки аз мутолиаашон ҷавонон низ баҳра бигиранд.

Ин буд, ки Авасто- қадимтарин китоби тоҷикон, ки соли 257- 56 пеш аз мелод аз ҷониби Иброҳими Зардушт навишта шуда буд, бо дасти Искандари ғоратгар дар қатори дигар зару зевар ба Юнон бурда шуд. Вале чун мардум онро аз ёд медонистанд, хуб ҳифз карда буданд, ба якдигар нусхабардорӣ намуда, аз нав эҳё кардаанд. Ин тақдирро бисёре аз китобҳои фарзандони фарзонаи миллат пушти сар кардаанд. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Девони кабир»-и Мавлонои Балхӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, достонҳои Рӯдакӣ, таҳлилҳои риёзиву геометриву ситорашиносии Аҳмади Фарғонӣ, Абӯали ибни Сино, «Саодатнома» ва «Сафарнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ашъори Шаҳидии Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Хусайни Кангуртӣ, “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддини Айнӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ғайраҳо.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин диёр на танҳо бо фарзандони хирадманд, доно, олимони оламгираш ҷаҳонро ба такон оварда буд, балки марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва мадрасаҳои машҳуре дошт, ки дар он тамоми илмҳои дунявӣ, аз ҷумлаи ситорашиносӣ, риёзӣ, тиб, хаттотӣ, кимиёшиносӣ, дақиқ, фиқҳ, хокшиносӣ, сохтмон, рассомӣ, мусиқашиносӣ ва ғайраҳо пурра омӯхта мешуд ва дар олам ҳамто надошт.

Ин ҷо китоб дар ҳар хонадон мисли нон ва хоки Ватан муқаддас ҳисобида шуда, ҷои он мудом аз сар боло, яъне дар баландие ҷой дода мешавад, ки он ҳамчун тоқчаи китобмонӣ шинохта шудааст.

Аз ин рӯ, ба хотири гиромидошти рӯҳи бузургон ҳанӯз соли 2019 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мамлакат бахшида ба таҷлили 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид, ки такони ҷиддие буд ба китобхонии мардуми мо.

Эълон доштани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хондани «Шоҳнома» ва Мавлонохонӣ, ҳамзамон арҷ гузоштан ба осорҳои гузаштаву имрӯза, такон додани ҷаҳонбинии насли наврас, пиру барно дар ҳар хонадони тоҷик шуълаи хомӯшгаштаистодаи фарҳанги китобдориву китобхониро рӯшантар карда, ба он умри дубора бахшид.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат аз кулли иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамзамон аз падару модар ва устодони иштирокдорони ин озмун изҳори сипос доштанд. «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем»,- иброз доштанд Пешвои муаззами миллат.

Ҳамзамон изҳор доштанд, ки «зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони  «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Ин даъвати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар моро водор месозад, то  бо беҳтарин захираҳои инсонии доштаамон, яъне фарзандони гиромӣ, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамонро гавҳораҷунбонанд, ба пешрафти ҷавҳари ақлониашон роҳбалад буда, тавонем шараёнҳои хунашонро, ки аз ниёгон ба мерос доранд, такон бахшида, Рӯдакиву Абӯали ибни Сино, Умари Хайём, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ал-Бухориву Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Маҳастӣ, Носири Хусраву Ҳасрати Ҳисорӣ, Нақибхон Туғрал ва ғайраҳои  дигарро ба дунё биёрему бори дигар ба ҷаҳониён бузургиву шаҳомати ин хуни пок, сарзамини биҳиштӣ ва фарзандони фарзонаи китобдору шаҳрдору шаҳрсоз, созандаву ободкорро нишон диҳем.

Пас дар ин ҷода моро зарур аст, ки бо ин неруи бузурги инсонӣ, яъне фарзандони хеш бо муҳаббат дар бораи Ватан ва ватандорӣ, муқаддасоти миллӣ, худшинос будан, ифтихор аз гузаштаву имрӯзи хеш доштан, дар тамоми гирдобҳои ба сар омадаи замона тоҷикона ҷаҳонӣ гаштанро дар қалби хурду бузург ҷо намоем.

                                АКС аз  бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2021 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар муассисаҳои таълимии Файзобод ва Нуробод машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд