Дар хатсайрҳои Душанбе-Алмаато-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе парвозҳои мунтазам фаъол мегарданд

Март 2, 2021 14:14

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хатсайрҳои Душанбе-Алмаато-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта амалӣ карда мешаванд.

Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи корӣ, ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентӣ Икром Субҳонзода, намояндагони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — ҶДММ “Сомон Эйр” ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Тоҷикистон — “Белавиа”-и Ҷумҳурии Беларус, “Эйр Астана”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Кам Эйр”-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардид, матраҳ шуд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои барқарорсозии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ ва афзоиш додани шумораи парвозҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни баргузории ҷаласа Икром Субҳонзода зикр намуд, ки бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ, ки бо хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.

Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва рафтуомади бе мушкили шаҳрвандон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хатсайрҳои Душанбе-Алмаато-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо бо риояи талаботи санитарию зиддиэпидемиологӣ амалӣ карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1-парвозӣ дар як ҳафта оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи Ситоди болозикр тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиш додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе, Агентии авиатсияи гражданӣ бо мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Беларус ҳамкориро густариш дода, оид ба масъалаҳои афзоиш додани парвозҳои чартерӣ ва давра ба давра амалӣ намудани парвозҳои мунтазам байни ҷонибҳо чораҳои дахлдор роҳандозӣ менамояд.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

Ҳамзамон аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дархост карда шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд тадбирҳои зарурӣ андешад.

Март 2, 2021 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид