«Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст…». Дар Турсунзода маъракаи даъвати наваскарон пурра анҷом ёфт

Апрель 5, 2021 10:42

ТУРСУНЗОДА, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин рӯз  ҷавонони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, ки дар натиҷа маъракаи даъвати ҷавонони шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи якум пурра анҷом ёфт.  Дар ин бора котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини  муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд».

Модари даъватшаванда Саломат Сидова изҳор дошт, ки «ман ҳамчун модар аввал шукронаи сулҳу амонии кишварро мекунам, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Ифтихор дорам, ки фарзандам ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Имрӯз ӯро ба мактаби обутоби сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат гусел намуда, боварӣ дорам, ки баъд аз ду сол ҳамчун ҷавонмарди худшиносу меҳанпараст ва далеру шуҷоъ ба хона баргашта, дар оянда низ ҷиҳати ободии Ватан меҳнати софдилонаро идома медиҳад».

Наваскарон омодагии худ ва содиқона адо намудани хизмати ҳарбиро изҳор дошта, таъкид намуданд, ки дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард. Аз ҷумла наваскар Уктам Эргашев иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан қарз ва шараф буда, мо, ҷавонон   боварии волидон ва халқу Ватанро сазовор гардида, бо хизмати содиқона, риояи интизоми ҳарбӣ ва далериву чолокӣ хизмати ҳарбиро бо сари баланд иҷро намуда, собит менамоем, ки фарзанди содиқи Ватан ҳастем».

Тавре шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода фармудааст:

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

 Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 5, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд