«ЭЙ ЁР, БИЁ, САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА РАВЕМ». Пагоҳ дар Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» баргузор мегардад

Апрель 10, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» бо иштироки намояндагони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои пойтахт ва гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. 

Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши  либоси рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, анвои беназири нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегарданд, ки ҳар бинандаро мафтун намуда, ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсири амиқ мегузорад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.

Муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар доир ба натиҷаҳои баргузории озмун 5 апрел зимни ҷаласа оид ба гузаронидани даври ҷамъбастии ин озмун дар соли 2021, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир шуд, чунин иброз дошт: «Ҳадаф аз доир намудани озмуни мазкур  — ин баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад».

Мавсуф зикр намуд, ки то 1 апрели соли равон гулу буттаҳои шинонидашуда беш аз  19 млн бехро ташкил додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 760 ҳазору 229 бех зиёд мебошанд. Гулшинонӣ дар шаҳри Душанбе 1 млн  468 ҳазор 117 бех, вилояти Суғд  53 ҳазору 273 бех ва дар шаҳру ноҳиҳои тобеи ҷумҳурӣ 518 ҳазору 515 бехро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ин озмун аз рӯйи чор номина — «Боғи беҳтарин»,  «Гулгашти беҳтарин»,  «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» ва  «Гулпарвари беҳтарин» ғолибон муайян шуда, бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.

Гули лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш рӯида, дар моҳҳои апрел-май дар саросари кишварҳои дунё ба чашм мерасад. Умри гули лола ҳамагӣ қариб 100 рӯзро ташкил менамояд. Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ доштаанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо  кардаанд, ба мисли  лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра.

Ҳамин тариқ, гули лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон образҳои бадеӣ дода, дар мавриду лаҳзаҳои гуногун мавриди истифода қарор додаанд. Абуабдуллои Рӯдакӣ лоларо чунин васф намудааст:

Бихандад лола бар саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун.

Хайёми бузургвор дар «Наврўзнома»-и хеш фармудааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.

Аз замони Абуабдуллоҳи Рўдакӣ то ба имрўз кам шоири форсизабонро пайдо кардан мумкин аст, ки ба гул ва бавижа, гули лола таваҷҷуҳ накарда бошад. Ҳамчунин қадимӣ будани бастагии  мо ба «иди гулҳо»-ро ин байтҳои фолклорӣ равшан баён мекунанд:

Эй ёр, биё, сайри гули лола равем,

Бо пайраҳа аз пушти дари хола равем,

Ту дасти маро бигиру ман домани ту,

Чун ҷуфти муносибе сари ёла равем.

Абулқосим Фирдавсӣ бо намоди лола чунин ҳамосасароӣ кардааст:

Биёбон чу дарёи хун шуд дуруст,

Ту гуфтӣ, ки рӯи замин лола руст.

Инчунин Ҳоҷуи Кирмонӣ низ насими баҳорону сайри лолазоронро тоза шудани ҷон медонад:

Хуш дили Ҳоҷу, ки аз ин лолазор,

Тоза шудаш ҷон ба насими баҳор.

Мафҳуми  «Сайри гули сурх» дар «Ёддоштҳо» — и Садриддин Айнӣ омада, устод ғазале ҳам эҷод кардаанд, ки бо унвони «Гули сурх» машҳур аст:

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.

Дар ин китоб Садриддин Айнӣ дар шарҳи «Сайри гули сурх» чунин овардаанд: «Сайре буд, ки ҳар сол дар сари мазори Баҳовуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати 10 километр дар тарафи шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май- дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд» («Ёддоштҳо»).

Имрўз мо бо ифтихор мегўем, ки ба туфайли заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардонидаанд.

Ҷашни «Сайри гули лола» чанд соли охир дубора эҳё гардид ва инак се сол аст, ки  бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад.  Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо  мусоидат менамояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад