ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, якшанбе, 101-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 11, 2021 08:00

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 сол пеш, 11 апрели соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» муфассал баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид.

11 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

РӮЙДОДҲО:

11 апрели соли 2017  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

***

4 сол қабл, 11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 Ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат таъсис дода шуд. 

***

9 сол қабл, 11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва САҲА Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсия ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1927 дар Беларус Конститутсия қабул карда шудааст.

***

Соли 1832 Дар Россия унвони «Шаҳрвандии фахрии Россия» таъсис ёфт.

Апрель 11, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш