Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо иштироки Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 май таҷлил мешавад, дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, кормандони андозро бо иди касбиашон табрик намуд ва ба онҳо дар фаъолияташон ҷиҳати ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ муваффақият таманно намуд.
Давлаталӣ Саид алоҳида зикр намуд, ки сатҳи иттилоотӣ ва рақамисозии Кумитаи андоз яке аз сатҳҳои пешрафта дар байни ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласа чун анъана кормандони фаъоли мақомоти андоз бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» ва ифтихорномаҳои Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуда, ба онҳо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва ғайринавбатӣ дода шуданд.
Аксҳо аз Кумитаи андоз









Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






