ТАЪРИХИ САРЗАМИНРО БОЯД ДОНИСТ. Саразми бостон — гаҳвораи тамаддуни тоҷикон
ДУШАНБЕ, 24.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Водии зархези Зарафшон, натанҳо бо чашмаю рӯдҳои хурӯшон, табиати бою нотакрор ва дилфиребаш, балки бо ёдгориҳои қадимаи панҷ-шаш ҳазорсолаи таърихию фарҳангиаш қалби садҳо нафар бостоншиносон, сайёҳону ҷаҳонгардонро тасхир намудааст. Зимни ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳӣ дар масири Душанбе-Айнӣ –Панҷакент, ки бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии «Asian Express» сурат гирифт, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА мушарраф гардид, ки аз водии Зарафшон боздид намуда, бо маконҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Панҷакент, аз ҷумла шаҳри қадимаи Саразм шинос гардад.
«Мусаллам аст, ки аз се ҳазор ёдгориии таърихию фарҳангие, ки дар Тоҷикистон мавҷуд, аст беш аз дусадтоаш ба шаҳри бостонии Панҷакент рост меояд. Яке аз ин ёдгориҳои бостонӣ шаҳри қадимаи Саразм мебошад. Саразм аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна буда, маънои Саразм «Сари замин»-ро дорад. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр 15 километр аз шаҳри Панҷакент ва 45 километр дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. «Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 пеш аз мелод мансуб буда, барои илми бостоншиносӣ кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир аст», -мегӯяд Сарвари пойгоҳи бостоншиносии Саразм Нориниссо Худоёрова.
Мавсуф афзуд, ки бо амри тасодуф як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш сол онро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов медиҳад ва сири Саразм равшан шуда, баъдан ковишҳо шурӯъ мегарданд. Бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад.Шаҳри Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар гирифта, дорои қаср, маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буда, саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле рушд ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ рушд намуда буданд. -Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштаанд, -меафзояд Нориниссо Худоёрова.
Саразм дар охири ҳазораи IV пеш аз милод рушд намудааст, гуфт зимни муаррифии экспонатҳои Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм ходими хурди илмии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Саразм Афзалшоҳ Суфиев. Суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои созгор мардумро дар Саразм сарҷамъ кард. Бозёфтҳои Саразм бозгӯи он аст, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд. Пас метавон гуфт, ки халқи тоҷик ба ҷаҳон таммадун додааст ва оғози таммадун аз мулки тоҷикон сарчашма мегирад.
Маликаи Саразм
Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади «Маликаи Саразм» мебошад, ки дар Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм нигоҳ дошта мешавад. Ходими хурди илмии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Саразм Афзалшоҳ Суфиев мегӯяд, ки қабри малика соли 1983 кашф гардида, баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шуд, ки ин бону 23-сола буда, қадаш 1 метру 65 сантметр аст. Ҳамроҳи Маликаи Саразм 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт.
Саразми бостон
Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст, меафзояд ходими хурди илмии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Саразм Афзалшоҳ Суфиев. Ба гуфти ӯ, аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Шаҳрчаи Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоъи муҳофизат намешуд, чунки хавф набуд ва ҷангу лашкаркашӣ дар натиҷаи рақобат баъдан сар мезанад. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст.Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ибодатхонаҳо. Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо ба кулли фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборат аст, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунад. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайи чӯбҳо дар болои лойдевор аён аст, ки хонаҳо ва иморатҳо аз ҳамон вақт бо чӯб пӯшонида мешудаанд. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм гузоштаанд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташ дида мешавад, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбонӣ кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромада, дар рӯзгори пешина саразмиҳо гови муқаддаси турро қурбонӣ мекардаанд, мегӯяд Афзалшоҳ Суфиев.
Заволи Саразм ба омилҳои табиӣ рабт дода шудааст
Тавассути Саразм, ба гуфтаи бостоншиносон, Роҳи Бузурги Лоҷувард мегузашт, ки он яке аз роҳҳои машҳури Роҳи бузурги абрешимро аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон ташкил медод. Кишоварзӣ чун дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард.Замони таназзули Саразм аниқ аст, аммо сабабашро бостоншиносон ва муаррихон ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, хушк шудани сойи болои шаҳристон рабт медиҳанд, ки дар натиҷа мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ба кӯҳдоманаҳои назди дарёи Зарафшон кӯчиданд.
Таҷлили 5500- солагии Саразми бостон дар замони Истиқлоли Тоҷикистон
Соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5500 — солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки он ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид. Ба ифтихори ҷашни 5500 –солагии Саразм дар ин мавзеи бостонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рамзи Саразм, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, инчунин Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва арзишҳои меъмории миллӣ бунёд гардид. Дар Осорхонаи Саразм намунаҳои арзишманди нигораҳои таърихӣ ва бозёфтҳое, ки аз шаҳри қадимаи Саразм зимни гузаронидани ҳафриёт ёфта шудаанд,ба маъраз гузошта шудаанд.Дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Саразм ба ифтихори ҷашни 5500 -солагии ин шаҳри қадима дарвоза бо хусусиятҳои хоси меъмории миллӣ бунёд гардида, роҳравҳои он сангфарш шудаанд. Дарвозаи Саразм гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик буда, бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёҳои аз Саразми бостонӣ дарёфтгардида, таҷассум ёфтаанд. Инчунин хонаҳои саразмиёни қадим бунёд гардидааст, ки дар онҳо фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ таҷассум ёфтааст.
Дар даромадҳои дарвозаи Саразм мағозаҳои армуғонфурӯшӣ барои сайёҳону ҷаҳонгардон бунёд гардидаанд, ки дар онҳо маҳсули ҳунармандони чирадасти шаҳри бостонии Панҷакент гузоша шудаанд.
Ба таъкиди муаррихон, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр аст, ки ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб буда, дар он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст.
Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назарраси илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охири садаи XX маҳсуб меёбад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин осори аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид.
Сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Саразм Нориниссо Худоёрова мегӯяд, ки бо дастгирии Пешвои миллат, солҳои 2004-2008 –ум 5 ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш гардиданд.
Инчунин Сарвари давлат зимни сафарашон ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005, Саразмро «Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» унвон карданд. Саразм бо бозёфтҳои нодир ва бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим аз ҷойгоҳи намоён бархӯрдор буда, ин аст, ки ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони хориҷӣ қарор мегирад.Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм, барои муаррихону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши ёдгориҳои шаҳри қадимаи Саразм таваҷҷуҳ доранд, меҳмонхонаи муосир сохта шудааст.
Бо саъю талошҳои сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва таҳқиқоти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳафриёт буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ дохил намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Айнӣ-Панҷакент-Душанбе