COVID-19. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинонаш ба аёдати гирифторони ин беморӣ ба муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе рафтанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир -Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як зумра муассисаҳои тандурустии пойтахт рафта, бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 аз наздик шинос шуданд.Аз ҷумла, Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварда, бо ҷаоаёни табобати гирифторони беморони коронавируси нави COVID-19 воқиф гардиданд.
Дар натиҷаи ин боздид маълум гардид, ки дар муассисаҳои мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин зимн Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ёдовар мешавем, ки мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайцев Андрей Алексеевич давоми чанд рӯз мешавад дар Тоҷикистон қарор дорад, ба муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, ташриф оварда, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба менамояд.










ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд






