Ширкатҳои нидерландӣ мехоҳанд иқтидори кишоварзии Тоҷикистонро густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 6.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бизнес-форуми ширкатҳои кишоварзии тоҷику нидерландӣ 11 октябр дар Душанбе доир мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Вохӯрии соҳибкорон дар доираи ҳадафи тиҷоратии намояндагони ширкатҳои пешбари нидерландӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки аз 10 то 13 октябр идома меёбад.
Баргузоркунандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноат, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Шоҳигарии Нидерландия мебошанд.
Ҳадафи гурӯҳи тиҷоратӣ — муайян кардани имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тавсеаи иқтидори кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
Дар назар аст, ки дар бизнес-форум намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Сафорати шоҳигарии Нидерландия, намояндагони ширкатҳои нидерландӣ сухан гӯянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






