Дастовардҳои биологҳои тоҷик дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо истифодаи якҷояи аломатҳои физиологию биохимиявӣ ва усулҳои биотехнологӣ якчанд навъҳои сермаҳсул ва ба омилҳои стрессӣ устувори картошка, аз қабили навъҳои «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «АИ-1» ва «Дӯстӣ» дар истеҳсолот татбиқ ва дар масоҳати зиёда аз 3000 га дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд. Дар ин бора зимни маҷлиси солонаи шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/, ки чанде қабл доир гардид, зикр шуд.
Мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки барои супоридан ба «Комиссияи давлатии санҷиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд навъҳои нави сермаҳсули картошка интихоб карда шуданд.
Бино ба иттилои мавсуф, дар коллексияи институт навъу дурагаҳои картошка ва картошкаи ширин (батат), ки аз Маркази байналмилалии картошка CIP (Перу) дастрас карда шуданд ва навъҳои ояндадори маҳсули селексияи олимони Институт дар шароити «in vitro» нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо минбаъд дар таҳқиқоти генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ истифода хоҳад гашт.
Линияҳои интихобшудаи ояндадори гандум, ки барои парвариш дар шароити иқлими гарми ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ мутобиқ мебошанд, барои супоридан ба «Комиссияи давлатии санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд.
«Аз тарафи олимони институт зиёда аз 40 навъу намунаҳои коллексионии гандумҳои аз Қазоқистон, Русия, Узбекистон, ВМКБ ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид гардида, дар шароити гуногуни агроэкологӣ (Душанбе, 840 м, Данғара, 650 м, минтақаи Зиддии ноҳияи Варзоб, 2300 м аз сатҳи баҳр баланд) омӯхта шуданд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дони гандуми навъҳои Истаравшан, Карснодарская-99 ва ҷави Ченад -345-ро бо элементи радиоактивии Сезий-137 коркард намуда, дар қитъаи илмӣ-таҷрибавии Институт кишт гашта, натиҷаҳои арзишманд ба даст оварда шуданд.
Мушоҳидаҳои фенологӣ оид ба омӯзиши рушд, афзоиш, нишондиҳандаҳои биометрӣ ва ҳосилнокии 42 намунаи сабзавот ва зироати полезӣ, аз ҷумла 24 намунаи селексияи хориҷӣ ва 18 намунаи селексияи Тоҷикистон ва ИДМ гузаронида шуданд. Навъу намунаҳои зироати кишоварзӣ барои муайян намудани мавҷудияти организмҳои тағйирдодашудаи генетикӣ (ОТГ) ташхис карда шуданд ва дар қитъаи таҷрибавии Институт парвариш карда мешаванд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз дошт, ки давоми соли ҷорӣ олимон-зоологҳои АМИТ дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои шикорӣ баҳисобгирии саршумори бузи пармашох (морхӯр) ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал)-ро гузарониданд. Дар маҷмӯъ 5086 сар бузи пармашох ва 2792 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ба қайд гирифта шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






