Соҳибкорони Хатлон 1617 адад иншоот сохта мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 1617 адад иншоот сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар ин замина 2523 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар ин бора зимни иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, ки 23 декабр таҳти раёсати раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншооти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдид ва бунёди инфрасохтори мавҷуда, инноватсионӣ-саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
«Дар давоми ду моҳ (сентябр – октябри соли 2021) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 шаҳру ноҳияи вилоят бо сафари корӣ ташриф оварда, бо иштироки бевоситаи он кас зиёда аз 60 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, давоми соли 2021 169 иншоот бо иштироки Пешвои миллат ва зиёда аз 120 адад дар доираи сафар бо иштироки ҳайати ҳамроҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда, аз ҷониби дигар ба ҳусни шаҳру ноҳияҳо зебоии хоса зам намудаанд», — ёдоварӣ шуд дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
Аксҳо аз мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд






