Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» барои иштирок дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» ба Тошканд сафар намуд

Апрель 25, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» ҷиҳати иштирок дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ дод.

Фестивали мазкур 25-30 апрел дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он 13 нафар раққос таҳти роҳбарии  Артисти халқии СССР Зебо Аминзода ва Директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Тибқи лоиҳаи мероси фарҳангии Узбекистон, фестивали мазкур дар ду сол як маротиба аз 25 то 30 апрел баргузор мешавад.

Ин фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати «Рақси хоразмии – лазгӣ», мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқҳо тавассути санъати рақс, минбаъд васеъ намудани доираи ҳамкории эҷодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.

Дар доираи фестивал павилонҳои намоишӣ бахшида ба санъати рақс фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо иштирокчиён асбоби мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ҳайкалтарошӣ, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, дискҳои аудио ва видео, китобҳо, албомҳо ва аксҳоро пешкаши тамошобинон мегардонанд.

«Рақси хоразмии – лазгӣ», ки дар таърихи ғании санъати рақсии мамлакати мо ҷойгоҳи махсус ишғол мекунад, бо услуби хоси иҷро ва ҷаззобии худ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ маъмул аст. Аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани «Рақси хоразмии – лазгӣ» низ аз беҳамтоии ин санъат шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2019 дар Фестивали байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс», ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, миёни намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми минтақаҳои Узбекистон Ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуда буд.

АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз

Апрель 25, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд