Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид

Апрель 21, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Осорхонаи миллии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз дошт, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИККРОМ имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла тармимгарону таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати он иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.

Маркази мазкур  дар натиҷаи пешниҳоди Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Деҳлӣ соли 1956 ба вуҷуд омада буд.  Пас аз се сол Марказ дар Италия таъсис ёфт, ки то имрӯз қароргоҳаш дар онҷо ҷойгир аст. Самти аввалиндараҷаи фаъолияти ИККРОМ — ин омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ буда, оид ба ин масоил ҳамасола зиёда аз 20 курси омӯзишӣ баргузор намуда, ҳамаи хароҷотро аз ҳисоби худ пардохт менамояд. Инчунин марказ дорои калонтарин китобхонаи электронии соҳаи осорхонашиносӣ буда, ҳамаи донишҷӯёну мутахассисон ва олимони соҳаи мазкур метавонанд аз он пурра истифода намоянд. То имрӯз 137 кишвари олам аъзои ИККРОМ гардидаанд.

Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат аз сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, маҳз дастгириҳои пайвастаи он кас имкон дод, ки Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) гардад.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 ба Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) аъзо гардид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 21, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»