Тоҷиддин Ҷӯразода ва Зураб Пололикашвили дар Ню-Йорк дурнамои рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд

Май 5, 2022 15:47

ДУШАНБЕ,05.05.2022/АМИТ «Ховар»/. Барқарорсозӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар пасманзари ҳамагири «COVID-19» аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар Ню-Йорк муҳокима гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукаумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, мусоҳибон инчунин масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода бо Зураб Пололикашвили дар доираи мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд, баргузор гардид.

АКС:Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд