ТОБИСТОНИ ТОҶИКИСТОН. Бино ба пешгӯии обуҳавосанҷон, охири моҳи аввали тобистон ҳарорат ба 40-44 дараҷа мерасад

Май 25, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи аввали тобистон ҳарорат муътадил шуда, миёна ва охирҳои моҳи июн баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Ҳамчунин дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад. Дар ин бора имрӯз муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳарорат муътадил буда, дар миёна ва охирҳои ин моҳ баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.

Ба гуфтаи муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова, дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.

Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гармтар мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин ҷойҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 25-30 ва дар доманкӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона тибқи меъёр муқаррарӣ буда, 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар даҳаи аввали моҳи июн ҳарорати ҳаво шабона 4-19 ва рӯзона  аз 27-32 ва то 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар миёнаи моҳ болоравии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори бориш ҳудуди меъёри иқлимӣ (6,2 мм)-ро ташкил хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки баландшавии  ҳарорат дар фасли тобистон, тирамоҳ ё баҳор бевосита ба ҳосилнокии зироати кишоварзӣ таъсир мерасонад ва 70 дарсади тағйирёбии равандҳои иқлим дар сайёраи замин ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Дар ҳамин асно чандест ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи тағйирёбии иқлим ва баландшавии аз меъёр зиёди ҳарорат дар аксар кишварҳои Аврупо ва Осиё нигарон кардааст. Зеро гармшавӣ на танҳо ба саломатӣ, балки ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи коршиносон, имсол аҳолии ҷаҳон ҷиҳати таъмини маводи ғизоӣ, минҷумла орд танқисии чашмрасе хоҳанд кашид.


Ин гуфтаҳои коршиносону муҳаққиқонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни мулоқоту суханрониҳояшон таъкид дошта, изҳор медоранд, ки имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст.

Тавре зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (01.04.2022) Пешвои миллат зикр  намуданд, «…ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст. Тибқи таҳлилҳо, инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад. Мувофиқи хулосаи коршиносон, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд. Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем».

Ҳафтаи сипаригардида шабакаи телевизионии «Euronews» аз гармии аз меъёр зиёди ҳаво дар Аврупо хабар дод, ки ин гармшавӣ асосан сокинони кишварҳои Испания ва Фаронсаро нигарон кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар Испания ҳарорати ҳаво 10-15 дараҷа зиёдтар аз меъёри муқаррарии мавсимӣ буда, дар баъзе ноҳияҳои ин кишвар ҳарорат то ба 40 дараҷа расидааст. Ин гуна обу ҳаворо дар ин ҷо тайи ду даҳсолаи наздик касе мушоҳида нанамудааст. Ба гуфтаи коршиносони соҳа, аз як сӯ агар ин гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво ба равандҳои тағйирёбии иқлим вобаста бошад, аз сӯи дигар, таъсири антропогенӣ низ боиси он шуда метавонад.

Тавре директори Институти омӯзиши тағйирёбии иқлими Ҳиндустон   Шивананда Паи ба хабаргузории ВВС зикр намудааст, «баландшавии ҳарорати ҳаво дар Ҳиндустон, ки то ҳадди 45 дараҷа боло рафтааст, аз як сӯ агар таъсири тағйирёбии иқлим бошад, аз сӯи дигар, омилҳои дигар, аз қабили афзоиши шумораи аҳолӣ, аз байн бурдани ҷангалҳо, зиёд истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва масоҳати ҳарчӣ бештарро ба соҳаи сохтмон супоридан ба шумор мераванд. Ин омилҳо боиси гармшавии ҳаво мегарданд».

Сокинони маҳаллии Ҳиндустон аз он нигаронанд, ки ин гармшавӣ ба ҳосили зироаташон низ бетаъсир намемонад. Дар сурати ҷамъоварии ҳосили ками ғалла ва он ҳам дар вазъияте, ки дар кишварҳои таъминкунандаи гандуми ҷаҳонӣ, яъне Украина ва Русия вазъ ташвишовар аст, ин метавонад ба вазъи иқтисодии дигар кишварҳо таъсири ҷиддӣ расонад. Ин омили хеле нигаронкунанда на танҳо барои Ҳиндустон, балки барои тамоми сокинони сайёра буда метавонад.

Ба гуфтаи коршиносони аврупоӣ, гармии аз меъёр зиёд ба Аврупо аз Африқо рост омадааст. Ин гуна гармии беш аз ҳад дар Аврупо то ҳафтаҳои дигар низ боқӣ хоҳад монд. Ба ғайр аз ин ҳавои гарм аллакай боиси ба  амал омадани офатҳои табиӣ ва раъду барқ дар ин минтақа хоҳад шуд.

Равандҳои тағйирёбии иқлим феълан яке аз масъалаҳои мубрам барои ҷомеаи башарӣ гаштаанд. Зуҳуроти ин масоил дар аксар кишварҳои дунё ҳам дар сатҳи глобалӣ, ҳам дар сатҳи локалӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ мавриди арзёбӣ қарор мегиранд. Ҳоло олимон кӯшиш намуда истодаанд, ки дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва рӯзномаи асри 21 равандҳои тағйирёбии иқлимро тавъам  ба иқтисодиёт, сиёсат, экология ва иҷтимоиёт мавриди арзёбӣ қарор диҳанд, то зуҳуроти масъала бо тамоми паҳлӯҳояш барои ҷомеаи башарӣ ошкор гардад.

Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев иброз медорад, ки «вақте ки мо имрӯз оид ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳи сайёра ҳарф мезанем, моро зарур аст зуҳуроти ин масъаларо аз дидгоҳҳои гуногун баён намоем. Чунончӣ, аксар олимону коршиносон бар он назаранд, ки равандҳои тағйирёбии иқлим хусусияти даврӣ дорад.

«Биёед як қазоват намоем, чандин миллион сол пеш на Тоҷикистон буд, на Узбекистону на қисмати Афғонистон. Ин ҷо уқёнуси Тетс буд, ки баъдан давраи пайдошавии кӯл ва баъдан кӯҳ ба вуҷуд омад.  Дар тақвияти ин андешаҳо бояд гуфт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар конҳои намак дучор мегарданд. Ва гунбази намаки Хоҷа Муъминро олимон таҳлилу тадқиқ намуда, ба чунин хулоса омаданд, ки давраи пайдоиши он ба равандҳои тағйирёбии иқлими сайёра вобастагӣ дорад. Яъне, ин далели воқеиест, ки мо наметавонем аз он сарфи назар намоем. Бино ба хусусияти даврӣ доштани тағйирёбии иқлим мо бояд онро дар мадди аввал гузорем. Ва чунин гармиҳо пайваста дар табиат такрор меёбанд»,-зикр намуд Ҳ.Асоев.

Гурӯҳи дигари олимону коршиносон равандҳои тағйирёбии иқлимро ба ҳаракатҳои заминҷунбӣ ва дигар ҳаракатҳои тектоникии замин вобаста менамоянд. Онҳо ин андешаи худро чунин тақвият мебахшанд, ки дар мавриди ҳаракатҳои тектоникӣ ҳарорат дар кураи Замин ба арзи 1- 1,2 дараҷа баланд мегардад.

Дигар гурӯҳи коршиносон ҳаракатҳои равандҳои тағйирёбии иқлимро ба ҳаракатҳои био-геохимиявии замин вобаста медонанд. Ба андешаи онҳо, дар  қишри замин чандин реаксияҳои биохимиявӣ баргузор мегарданд, ки баъди гузаштани онҳо ҳарорат дар кураи Замин дар ин ё он сатҳ баланд мешавад. Дар баробари ин андеша коршиносон равандҳои тағйирёбии иқлимро инчунин ба зиёдшавии партовҳои гази карбон тавъам медонанд. Аз ин нуқтаи назар, маълум мешавад, ки миқдори кази карбон дар кураи Замин зиёд шудааст.

Ба гуфтаи Ҳасан Асоев, аксар олимону коршиносон равандҳои тағйирёбии иқлимро дар шароити феълӣ ба партовҳои газҳои гулхонаӣ, рушди илму техника ва зиёдшавии миқдори гази карбон дар атмосфера рабт медиҳанд. Ҳоло аксар олимону коршиносон кӯшиш менамоянд, ки аз ин дидгоҳ равандҳои тағйирёбии иқлимро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Вобаста ба ин андешаҳо, агар ба гузаштаи начандон дур назар намоем, маълум мегардад, ки давоми 100 сол ҳарорат дар кураи Замин дар баъзе радиусҳо 0,7; 1; то 1,2; 1,5 дараҷа баланд шудааст.  «Вақте ҳарорат дар кураи Замин баланд шуд, агар аз лиҳози газҳои гулхонаӣ ё карбон гирем, дар ҷараёни фотосинтез барои растаниҳо об ва гази карбон лозим аст. Пас, зиёдшавии гази карбон бояд омили паҳншавию афзоиши ҳосилнокии зироат гардад. Агар миқдори гази карбон дар атмосфера зиёд шуда бошад, чаро ҳосилнокии растаниҳо зиёд намешавад? Баръакс, имрӯзҳо мо дар бораи пастшавии ҳосилнокӣ дар равандҳои тағйирёбии иқлим гап мезанем. Бояд аниқ намудани таносуб ҳам ошкор карда шавад, зеро ин як ҷараёни табиист. То имрӯз миёни олимону коршиносон  дар ин масъала нуқтаи назари ягона дида намешавад. Аз ин сабаб мо бояд зуҳури масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳем»,- гуфт дар идома ӯ.

Коршинос ба он назар аст, ки вақте мо дар бораи равандҳои тағйирёбии иқлим мегӯем, дар Тоҷикистони мо шояд баъзе солҳое ҳастанд, ки то 4-5 моҳ боронгарӣ намешавад. Лекин баъзан дар як ҳафта ҳамон қадар бороне меборад, ки миқдори меъёри 6-моҳаро дар бар мегирад. Ин ба мавқеи ҷуғрофӣ ва омилҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Мо бояд ба нуқтаи назари равандҳои тағйирёбии иқлим аз рӯи маълумоти стансияи обу ҳавосанҷӣ  баҳо диҳем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд