Бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидааст

Июль 26, 2022 15:57

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ  ба қайд гирифта шуданд, ки 36 ҳодисаи он ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонид. Дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот  ворид гардид. Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Рустам Назарзода афзуд, ки  «дар натиҷаи офатҳои табиӣ 8 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расиданд. Аз ин омор  2 нафар дар натиҷаи омадани сел, 2 нафар ҳангоми фаромадани тарма, 2 нафар дар резиши санг  ва 2 нафар зимни ба амал омадани раъду барқ  фавтидаанд».

Бар асари  ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 88 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 16 хона пурра,  19 манзил қисман, 179 иншооти ёрирасон, 2 бинои мактаби  таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 17 пул, 107 гектар замини кишт ва 298 км роҳи мошингард  зарар дидаанд.

Зикр гардид, ки ба  хонаводаҳои  аз офати табиӣ  зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ,  бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ кумакҳо расонида шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2022 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид