Наврасони Хоруғ ба лагери дараи Ромити шаҳри Ваҳдат раҳсипор гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз хонандагони маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба лагери дараи Ромити шаҳри Ваҳдат гусел карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Зикр карда шуд, ки ин иқдом ба тарбияи маънавии кӯдакону наврасон таъсири мусбӣ расонида, сатҳи худшиносию ватандӯстии хонандагонро боло мебардорад.
Мавриди зикр аст, ки дар истироҳатгоҳ барои қабули онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шудаанд ва ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд.
Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида, аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон имсол 50 лагери беруназшаҳрӣ ҷиҳати қабули кўдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 7, вилояти Суғд-19, вилояти Хатлон — 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 истироҳагоҳ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Эмомалӣ Раҳмон: «Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон






