БАДАХШОН РУШД МЕНАМОЯД. Дар доираи форуми «Помиринвест-2022» 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022», ки 17-18 август дар маркази маъмурии Бадахшон- шаҳри Хоруғ доир гардид, миёни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба маблағи беш аз 950 миллион сомонӣ 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
30 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодӣ, ба мисли саноат, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, хизматрасонии нақлиёт ва сайёҳӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди иқтисоди ин минтақаи дурдаст ва балнадкӯҳи Тоҷикистон — Бадахшон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022»- ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.


Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, чун саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намуданд.
Баргузории форуми мазкур далели он аст, ки рушду пешрафти гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон –Бадахшон пайваста дар мадди назари роҳбарият ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир намояндаи масъули ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ










Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






