«ПОМИРИНВЕСТ-2022». Форуми байналмилалӣ ба Бадахшон сармоя ҷалб менамояд

Август 17, 2022 11:37

ДУШАНБЕ 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии Бадахшон — шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» оғоз гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалӣ, ки беш аз 200 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд иштирок доранд, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва намояндагони шарикони рушд сухан намуда, нақши форумро дар рушд ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Бадахшон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест» анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Бадахшон гузаронида мешавад ва дар он соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок доранд.


Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, назири саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, аз ҷумла корхонаи истеҳсолии «Чипсбарорӣ», фаъолияти намояндагии «Саноатсодиротбонк», Боғи ботаникӣ, Парки технологии Помир, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Осорхонаи Носири Хусрав ва Осоишгоҳи Гармчашма боздид намоянд. Инчунин дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим муаррифӣ мегардад.

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Помиринвест-2022» имрӯз дар шаҳри Хоруғ намоиши молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шуд.

Инчунин интизор меравад, ки дар доираи Форуми «Помиринвест-2022» мулоқоти соҳибкорону сармоягузрон дар шакли В2В доир гардида, миёни ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди иқтисоди Бадахшон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Баргузории форуми мазкур далели он аст, ки рушду пешрафти гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон –Бадахшон пайваста дар мадди назари роҳбарият ва ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Август 17, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Тоҷикистон барои Эъломияи Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар Арабистони Саудӣ самтҳои афзалиятнокро пешниҳод намуд
Соли равон аз Тоҷикистон қариб 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот гардидааст
Самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ гардид
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Тоҷикистон барои ҷалб ва истифодаи маблағгузории иқлимӣ» ҷамъбаст гардид
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз оғоз гардид
Дар Тоҷикистон наздик ба 50 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд