Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Октябрь 28, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Дар он роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он, намояндагони Бонки Рушди Осиё, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хазинаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таҳқиқоти демографии Академияи илмҳои Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар конфронс иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои «Масъалаҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ» ва «Нақши тайёри касбии кадрҳои коргарӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ» маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки аз ҷониби вазорат лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 омода гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2022 тасдиқ гардид. Дар заминаи ин Консепсия дар айни замон аз ҷониби вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилдалӣ ва миллӣ лоиҳаи Барномаи рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027 омода шуда истодааст.

Тавсияҳо ва хулосаҳои конференсияи имрӯза ба таҳияи мундариҷа ва индикаторҳои барномаи мазкур замина мегузоранд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

 

Октябрь 28, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад

Маводҳои таҳлилӣ