ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, шанбе, 274-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 1, 2022 08:00

1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

13 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» -ро расман ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон ва Россия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

1 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пиронсолон.

***

Рӯзи байналмилалии меъморӣ.

***

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.

***

Дар Узбекистон — Рӯзи омӯзгорон

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.

 РӮЙДОДҲО:

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

***

1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

***

6 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюм касб намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

 

 

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

 

Октябрь 1, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш