Дар Душанбе ҷаласаи понздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Ноябрь 30, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ҷаласаи 15-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба такмили Портали савдои Тоҷикистон, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд ва зарурати ҳамроҳшавӣ ба «Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муколамаи озод сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

Зикр шуд, ки Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо мақсади ҳалли масъалаҳои пешомада дар фаъолияти бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар як сол 3-4 ҷаласаи он дар сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ ва намояндагони бахши хусуӣ гузаронида мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 30, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»

Маводҳои таҳлилӣ