Оид ба заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 6, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориши роҳбарияти ҲХДТ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар доданд.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ фаъолон, вакилони ҷавони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, аъзои Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, роҳбарони намояндагии ташкилот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода зикр кард, ки конференсияи имрӯза дар айёме доир мегардад, ки илова ба 28- солагии қабули Конститутсия боз ҷашнҳои муқаддасу таърихӣ-30-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи мо қарор доранд. Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам оварданд, ки ба миллати тоҷик фарзанди баруманду хештаншинос- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гарданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ёдовар шуд, ки «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеан иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро замоне, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуд, бисёр замони вазнин ва ҳассос буд. Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ буд, ки давлати тозасоҳибистиқлоли мо, ки хатари нобудшавӣ дошт, бо талошҳои пайвастаи фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор шуд».

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи шоистаи давлатдории миллӣ буда, қобили омӯзишу таҳқиқ аст. Шароити пуртазоди ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз пеш дар атрофи Роҳбари хирадманду маърифатпешаи худ гирд омада, нагузорем, то нохалафе суботу оромии моро халалдор созад».

Доктори илмҳои ҳуқуқ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода иброз намуд, ки «Конститутсияи кишвар ҳуҷҷатест, ки таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ тавассути он татбиқ мешавад. Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худро амалӣ менамояд. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Он ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад».

Акс: КИМ ҲХДТ

Ноябрь 6, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд