«САРМОЯГУЗОРИИ ИБТИДОӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН». Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конференсияи ҷаҳонии ЮНЕСКО ширкат варзид

Ноябрь 23, 2022 14:45

ДУШАНБЕ,  23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Сармоягузории ибтидоӣ ба хотири ояндаи дурахшон»- таҳти чунин унвон 13-16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Конференсияи ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба ғамхории ибтидоии кӯдакон ва таълим баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он дар қатори намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусии беш аз 150 кишвари ҷаҳон намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок намуданд.

Давоми се рӯз намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш ширкат варзида, аз муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтии кӯдаки шаҳри Тошканд дидан намуда, бо тартиб, услуби корбарӣ ва шаклҳои таълими барвақтии кӯдак аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо вазири маорифи халқии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрӣ намуда, доир ба масоили умдаи маориф, нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳа ибрози назар намуд.

Ҳамчунин оид ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки баҳри густариш додани ҳамкорӣ харитаи роҳи муштарак коркард  шуда, самти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи он сурат мегирад.

Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур дар бахши “Сиёсат, идоракунӣ ва маблағгнузорӣ” муроҷиатномаи миллии давлатҳои узви ЮНЕСКО шунида шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бахш Вазири маориф ва илм муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  гардид, ки Тоҷикистон ба ҷараёни ҷаҳонишавии муколамаҳо дар самти рушди барвақтии кӯдак бо назардошти риояи манфиатҳои миллӣ, ба инобат гирифтани қонунгузории миллӣ, урфу одат муовофиқ буда, ҷиҳати густариши равандҳои марбут ба рушди барвақтии кӯдак кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ЮНЕСКО, дар ҷаҳон ҳар чорумин кӯдак дар синни панҷсолагӣ аз таҳсилоти томактабӣ маҳрум буда, ҳамзамон дар саросари ҷаҳон камтар аз нисфи кишварҳо таҳсилоти томактабиро ройгон ба роҳ мондаанд. Зимни конференсия таъкид гардид, ки сармоягузорӣ ба таҳсилоти барвақтии кӯдак бузургтарин сармоягузории кишварҳост, ки метавонад барои оғози одилонаи ҳаёти ҳар кӯдак ва мубориза бо нобаробарӣ дар таълими барвақтӣ мусоидат кунад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивал- намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Доир ба нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд