НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2022 дар Тоҷикистон бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашуданд

Февраль 10, 2023 14:47

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 бемориҳои домана, вараҷаи маҳаллӣ, фалаҷ, зуком ва сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар соли сипаригардида 257 ҳолати бемориҳои шадиди рӯда, 39 ҳолати гепатити вирусии намуди «В», 5 ҳолати гепатити вирусии намуди «С», 26 955 ҳолати бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, 6694 ҳолати илтиҳоби шуш, 1157 ҳолати осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо ва 132 ҳолати бемории сил ба қайд гирифта шуд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 24 ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла ботулизм ба қайд гирифта шуда, 82 нафар зарар дида, 7 нафар фавтиданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида бо мақсади ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон ба ҷумҳурӣ 10 намуди ваксина дар ҳаҷми 3 миллиону 691 ҳазору 850 воя барои пешгирии 12 намуди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда ворид карда шуд.

«Барои пешгирии сирояти Covid-19 10 миллиону 12 ҳазору 360 воя ваксинаҳои Модерна, Файзер, АстраЗенека ва КоронаВак ворид карда шуданд. Инчунин бо мақсади гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории зукоми мавсимӣ байни кормандони соҳаи тибби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 33 000 воя ваксина ворид карда шуд», -иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотӣ.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, сатҳи фарогирии кӯдакони навзод бо ваксинаҳои тавсияшуда 98,2 фоиз, кӯдакони то 1-сола 87,2 фоиз ва фарогирӣ бо вояи дуюми ваксинаи ИПВ-2 (аз моҳи июли соли 2022 оғоз ёфтааст), 27,7 фоизро ташкил медиҳад. Раванди иммунизатсия бо истифодаи зидди пневмоккокӣ тибқи нақша аз 1 ноябри соли 2022 оғоз ёфта, ҳоло идома дорад. Ба он кӯдакони то 6-сола мутобиқ ба тақвими миллӣ ва ҳадафҳои он фаро гирифта шуда истодаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст