Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо намоиши расму оинҳои тоҷикӣ таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Аз ҷониби Сафорат намоишгоҳи таҷассумгари суннату оинҳои аҷдодии ҷашни Наврӯз ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки «барои тоҷикон Наврӯз бузургтарин ва самимитарин ҷашни миллӣ маҳсуб ёфта, он таърихи хеле қадима дорад. Тибқи Қатъномаи қабулнамудаи СММ, зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонӣ дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврўз 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад».
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯз қарор дод.
Ҳамзамон ба меҳмонон анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла дастархони бо «Ҳафт син ва Ҳафт шин» орододашуда пешниҳод гардид.
Ҳамчунин худи ҳамин рӯз ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар яке аз калонтарин майдонҳои шаҳри Москва «VK Stadium» бо иштироки беш аз 5000 тамошобин Галла-консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Москва








Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст






