Густариши ҳамкории судманд байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар дар шаҳри Давҳа баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 март дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар самтҳои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт ва истифодаи иқтидори иқтисодии истифоданашудаи ҳар ду ҷониб, ки дар рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеъ барои сармоягузорон мебошад ва соҳибкорони қатарӣ ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид
Дар доираи RES-2026 дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд






