МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то замин серҳосил гардад?

Апрель 23, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Замин манбаи асосии таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ буда, бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ талабот ба он рӯз то рӯз меафзояд.  Қобилияти ҳосилдеҳии он  баръакси ҳол кам гашта, эҳтимоли ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шуданаш аз имкон дур нест. Ин боис мегардад, ки самаранокии соҳаи кишоварзӣ паст гардида, арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда гарон гардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои аз замин рӯёнидани ҳосил  чаҳор чизи асосӣ: нури Офтоб, гармӣ, нармӣ ва ғизо зарур мебошад. Ин чаҳор чиз ба замин имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ гирифта шавад.

Ба гуфтаи муовини  сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдулло, дар фазои як гектар замин 80 000 тонна азот гардиш мекунад, ки онро растанӣ гирифта наметавонад, чунки мувозинаи микроорганизмҳо имкон намедиҳад. Сабаби нобуд гардидани микроорганизмҳои замин дар он аст, ки истифодаи нуриҳои  маъданӣ, заҳрхимикатҳо ва дигар навъҳои химиявӣ боиси нобуд гардидани онҳо гардидааст.

Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони ин соҳа, яке аз сабабҳои зиёд гардидани бемориҳои гуногуни замин истифодаи маҳсулоти химиявӣ мебошад. Инсоният барои гирифтани ҳосили фаровон дигар нуриҳои органикӣ истифода накарда, бештар нуриҳои маъданӣ истифода менамояд. Давоми 35-40 соли дигар қобилияти ҳосилхезии замин якчанд маротиба кам шуда, метавонад ба бемориҳои гуногун дучор гардад.

«Мисоли дигар. Дар заминҳои обӣ низ дар натиҷаи дуру дароз истифода бурдан ва додани оби зиёд намнокӣ ва намак афзун мегардад. Дар ин ҳолат низ эҳтимоли ба касалиҳо мубтало гардидани  замин ва ба эрозия дучор шудани он аз имкон дур нест»,-мегӯяд коршинос.

Барои рӯй надодани чунин мушкилот мутахассисон исбот намудаанд, ки истифодаи заминро бояд дигаргун намуд, чунки ин иқдом имкон медиҳад ҳосилнокии замин зиёд гардида, давомнокии умри он афзун шавад. Чунончӣ, коршиносони ҷаҳонӣ низ пешгӯӣ мекунанд, ки зиёдшавии эрозияи замин мушкилии глобалӣ гардида метавонад.

Ба гуфтаи Рустамҷони Сайдулло, дар Тоҷикистон низ барои гирифтани ҳосили дастрас нуриҳои маъданӣ истифода мешавад. Ба ҳисоби миёна, давлат ҳар сол барои хариди нурии маъданӣ 80 млн доллари ИМА  сарф мекунад. Инчунин ин талаботи пурраи аҳолӣ ва деҳқононро таъмин карда наметавонад. Мушкилии дигар ин аст, ки арзиши нурии маъданӣ баланд буда, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад. Аммо дар бештари заминҳои лалмӣ ҳолати агротехникӣ риоя нагардида, як навъи зироат даҳсолаҳо боз кишт карда мешавад. Ин заминҳо бояд ақаллан давоми якчанд сол киштгардон карда шаванд.

«Бо истифодаи нуриҳои органикӣ метавон аз ҳосили аввала 20 дарсад ҳосилнокии баланд ба даст овард. Дар солҳои кам будани нуриҳои  маъданӣ инсоният аз он дар шакли васеъ истифода мекард, ки на танҳо ҳосили дастрас, балки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза низ ба даст меовард. Нуриҳои органикӣ инчунин майдонҳои киштро аз дучор шудан ба бемориҳо эмин нигоҳ медоштанд»,-изҳор дошт  мутахассис.

Тавре коршиноси соҳа иброз намуд, дар самти обмонии заминҳои кишоварзӣ низ метавон дигаргунӣ ворид намуд, ба монанди обмонии қатрагӣ, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон аз он дар шакли васеъ истифода менамоянд. Зеро дар натиҷаи обмонии анъанавӣ қабати ҳосилнокии замин шуста мегардад. Инчунин дар шароити кунунӣ обмонии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об сарфа карда шуда, оби зарурӣ дар ҷойи лозима рехта шавад ва алафҳои бегона нарӯянд.

Усули дигари ҳифзи замин –ин истифодаи нуриҳои микробиологии истеҳсоли ватанӣ дар тамоми мамлакат то ба ҳолати максималӣ мебошад. Инчунин рушд додани истеҳсоли чунин нуриҳои органикӣ ва дастгирӣ намудани соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият менамоянд. Истифодаи нуриҳои микробиологии истеҳсоли худӣ имкон медиҳад, ки  талабот ба нурии маъданӣ то 40% кам гашта,  30 млн доллари ИМА дар мамлакат боқӣ монад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар шароити ҳозира зарурати биологикунонии кишоварзӣ ва минбаъд ҷорӣ намудани зироати органикӣ хеле зарур мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 23, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд