ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Сангвор кишти картошка муташаккилона идома дорад

Май 10, 2023 20:08

САНГВОР, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод аз 4 апрели соли 2023 доир ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат додани кишти зироати кишоварзӣ ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ дода буданд, тадбирҳои амалӣ меандешад.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор Салоҳиддин Наҷмиддинов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки мувофиқи нақшаи дурнамои соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 1108 гектар ғалладонагӣ, 1118 гектар- картошка, 96 гектар- сабзавот, 5 гектар- полезӣ, 50 гектар- зағир ва 52 гектар хӯроки чорво кошта мешавад. Хушбахтона, кишти картошка дар ноҳия бо маром ҷараён дошта, то имрӯз дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқониву ҷамоавӣ 762 гектар картошкаи босифат кишт карда шудааст. Барои сари вақт гузаронидани кишти картошка ва дигар зироат дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 40 техникаи кишоварзӣ машғули кор мебошад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 аз Ҷумҳурии Беларус 50 тонна картошкаи навъҳои «Манифест» ва «Янка» ба картошкапарварони ноҳияи Сангвор дастрас карда шуд. Хушбахтона, ин навъҳои картошка дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Сангвор ҳосили хуб дод. Деҳқонон дар ноҳия тухмии онро зиёд намуда, имсол ҳам аз он фаровон кишт намуданд.

Соли 2023 аз ҳисоби Вазорати кишоварзӣ 150 км тухми юнучка, 12 тонна тухмии картошка ба деҳқонон дастрас карда шуд ва рӯзҳои наздик боз 50 тонна тухмии картошка ворид карда мешавад.

Ҳамчунин аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” ба деҳқонони ноҳияи Сангвор тухмиҳои гуногун, аз қабили 1500 кг сирпиёз, 400 кг лубиё, 38 кг шибит, 15,2 кг кашниз, 45,6 кг сабзӣ, 7,6 кг карам, 45 кг лаблабуи сурх, 15 кг қаламфури булғорӣ, 15 кг помидор, 38 кг бодиринг ва 75 кг пиёз дастрас карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 апрел зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, аз ҷумла иброз доштанд, ки «тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.

Дар чунин шароит танҳо бо саъю талоши ҳарчи бештари ҳар шаҳрванди мамлакат ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин мо метавонем ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ- таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат муваффақ гардем. Барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мо ҳамаи имконоти зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Сангвор

Май 10, 2023 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад