ТАВАҶҶУҲ! Аз 1 июн то 31 август ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудият ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 27.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 июн то 31 августи соли равон маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 19:00 дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён омадааст.
Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Икдоми мазкур дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон, инчунин воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Гуфта шудааст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.
АКС: Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад






