«Еximbank»-и Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ бунёд менамояд

Июнь 7, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва шароити  мавҷуда намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотии Ҷумҳурии Корея «Eximbank» бо роҳбарият ва масъулини шаҳри Кӯлоб аз  ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос гардида, дар идома оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Дар доираи сафари мазкур як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус бунёди Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, барои татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Вобаста ба ин, тарафҳо барои тақвият ва густариши ҳамкорӣ  дар самти ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва сафарбар намудани мушовирон ва коршиносони соҳа аз ин давлат ба мувофиқа расиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Июнь 7, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд