Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории иқтисодиро тақвият мебахшанд

Июль 9, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 09.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Боку Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳидаят Асадов мулоқот намуда, дар рафти он густариши ҳамкории иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ду давлат,  ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои  тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, ҷалби сармоя барои навсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷӯиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ҳамкориро тақвият мебахшанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июл дар шаҳри Боку ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду давлат дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд