Дар Душанбе китоби академик Акбар Турсон «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» рӯнамоӣ гардид

Август 25, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби  академик Акбар Турсон ба забони русӣ таҳти унвони «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» («Велик от земли до Сатурна предел…») бахшида ба гиромидошти  хотираи академикҳо Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ рӯнамоӣ гардид.

Зимни рӯнамои асари «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» гуфта шуд, ки ҳадафи чопи асар ҷавобҳои  илмӣ додан ба он назарҳои ғаразноке мебошад, ки солҳои охир дар бораи китоби «Тоҷикон» ва фаъолияти онҳо пайдо шудаанд.

Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ,   академик Акбар Турсон, профессорон  Саъдулло Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабов ва  Тоҷиддин Мардонӣ дар мавзуъҳои «Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ симоҳои барҷаста ва калидии таъриху фарҳанги тоҷик», «Масоили нақди илмӣ ва адабию бадеӣ дар Тоҷикистон, «Академик Муҳаммад Осимӣ-равшангари муаммоҳои фарҳанги тоҷик, «Бобоҷон Ғафуров аз нигоҳи муҳаққиқ ва сиёсатмадори араб» ибрози андеша намуданд.

Фарҳод Раҳимӣ  хизматҳои шоёни академик Бобоҷон Ғафуровро  дар муаррифии таърихи халқи тоҷик шоиста ва  шоҳасари ў «Тоҷикон»-ро дар шинохти миллати тоҷик муҳим арзёбӣ намуд.

Мавсуф  ҳамчунин таъкид намуд, ки мақоми илми тоҷик дар давраи роҳбарии академик М. Осимӣ, рушди илмҳои бунёдӣ ва гуманитарӣ, инчунин омода намудани кадрҳои илмӣ намоён аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»