Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуд

Август 18, 2023 14:43

 ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ ва ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил бори дигар таъкид карда шуд.

Зимнан тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин рӯ омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат барои таълим ва тарбияи дурусти насли ҷавону наврас тадбирҳои зарурӣ андешанд .

Инчунин масъулин ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2023-2024 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Август 18, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар мавзуи «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд