МАВСИМИ ЗУКОМ ОҒОЗ ШУД. Чӣ бояд кард, то гирифтори он нашавем?

Сентябрь 24, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва тағйир ёфтани обу ҳаво бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди  гирифторони он меафзояд. Яке аз ин бемориҳо зуком мебошад, ки ба ин намуди беморӣ ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон мубтало мешаванд. Ин беморӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бо фарогирии миллионҳо одамон авҷ мегирад. Зуком чӣ гуна беморӣ аст ва онро чӣ тавр метавон муолиҷа намуд? Бо ин суол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табиби сироятшиноси Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10 Кӯҳзод Шодиев муроҷиат намуд.

«Баробари тағйир ёфтани ҳаво ва оғози фасли тирамоҳ шумораи гирифторони  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  аз ҷумла бемории зуком  зиёд мешавад. Дар вақти якбора иваз шудани боду  ҳаво   масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад», — иброз дошт Кӯҳзод Шодиев.

Сабабҳои асосии авҷгирии зуком

«Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф, гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар номусоидии ҳавои атмосфера мебошад. Ҳамзамон риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ низ омили пайдоиши зуком гардида метавонад»,- изҳор дошт мутахассис.

Чӣ бояд кард, то зуком нашавем?

Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя намуд.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Зуком чанд рӯз давом менамояд?

Табиби сироятшинос иброз медорад, ки давраи ниҳоии  ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарӯз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати  вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои  илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гӯш  низ оварда мерасонад.

«Сарчашмаи вирусҳо шахси бемор аст, чунки ҳангоми атса ё сулфа задани бемор вирусҳо дар ҳаво паҳн шуда, ба одами солим мегузаранд. Аз ин рӯ ҳангоми муошират бо шахси бемор аз ниқобҳои махсус истифода намудан  ё ин ки дар   масофаи дуртар истодан зарур аст»,- илова намуд мутахассиси соҳа.

Ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед

Табиб огоҳ менамояд, ки вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.

Аз ин рӯ мутахассис пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд,  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат намуд ва ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол намуд.

Мавсуф чунин мешуморад, ки имрӯз доруҳои  гуногун бар зидди ин беморӣ зиёд шудаанду  ҳар яки он  интихоби фардӣ дорад.

«Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми  бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват намояд, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад», — гуфт дар хотима ҳамсуҳбати мо.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд