ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, якшанбе, 246-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 3, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1924 аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол баргузор шуд.

***

3 сентябри соли 1933 аввалин маротиба қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ-7495 м) аз ҷониби   кӯҳнавардон фатҳ гардид.

***

22  сол пеш, 3 сентябри соли 2001 дар Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50-дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.

***

3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ намуданд.

***

3 сентябри соли 2010  Фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърузаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо» баррасӣ шуданд.

***

3 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 3 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуданд.

3 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи авиатсияи тоҷик.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Гвардияи миллӣ.

***

Дар Австралия – Рӯзи парчам.

***

Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шоиста Муллоҷонова- соли 1925, овозхон, омӯзгори суруд ва мусиқӣ, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Сентябрь 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш