«ИСЛОҲОТ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Душанбе бо мақсади рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкорӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи сармоягузорӣ.
Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, бахши хусусӣ, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо соҳаи соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ва асоси муваффақият қарор додааст, ки татбиқи дурусту самараноки он ҳамарӯза иқдоми созандаву дурбинонаро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муаррифии «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023 – 2027», рӯнамо оид ба ислоҳоти соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва самти низоми иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва оид ба дастгирии соҳибкории ҷавонон маърузаҳо шунида шуд.
Дар охир ҷиҳати мусоид намудан ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар байни иштирокчиёни ҳамоиш мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






