Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар ёздаҳ моҳ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ёздаҳ моҳи соли равон кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 1 миллиарду 452 миллиону 556 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам 135,8 фоизи ҳамин давраи соли 2022-ро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 16022,5 тонна ғалладонагӣ, 4649,5 тонна картошка, 23930,2 тонна сабзавот, 136224,4 тонна полезӣ, 1432,3 тонна мева, 701,3 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 210 фоизро ташкил медиҳад.
Вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, дар натиҷа дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳосили соли 2023 дар майдони 22897 гектар кишту парвариши зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2668,7 гектарашро ғалладонагиҳо, 9556,3 гектар пахта, 3879,3 гектар зироатҳои равғандор, 140,1 гектар картошка, 183,7 гектар сабзавот, 3183 гектар полезӣ ва 3286,2 гектарашро зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Дар ноҳия аз 102 923 гектар замини мавҷуда 29 437 гектарашро заминҳои корам ташкил намуда, аз майдони умумии заминҳои корам 24276 гектараш заминҳои корами обӣ мебошанд.
АКС: Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»






