Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
СУҒД, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Гулистон яке аз минтақаҳои саноатӣ ва сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб шуда, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва таҷлили бошукуҳи ҷашни 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди теъдоди зиёди корхонаи нави саноатӣ ва биноҳои баландошёна, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар раванди бунёду ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон бештар аст. Имрӯзҳо дар минтақаи саноатии шаҳр корҳои бозсозӣ дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи металлии ҶДММ “Маҳмуд ва КО” бо маром идома доранд. Дар ин корхона арматура ва секунҷаю чоркунҷаҳои металлӣ, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол карда мешавад.
Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёди корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтиленӣ низ идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона бештар аз 30 намуди ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтилении шаклу андозаашон гуногун истеҳсол шуда, маҳсулоти ин корхона ивазкунандаи воридот мебошад.
Дар ин ду коргоҳ сохтмон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик васлу насби хатҳои технологӣ шуруъ мешавад.
Дар ҶДММ «Тиглат» дар ояндаи наздик рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд. То ин замон дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлати Туркия ворид карда шуда, маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.
Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи рангбарории ҶДММ «Тиглат» 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 767 миллиону 288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Тоҷикистон барои Эъломияи Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар Арабистони Саудӣ самтҳои афзалиятнокро пешниҳод намуд
Соли равон аз Тоҷикистон қариб 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот гардидааст
Самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ гардид
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд






