«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Кӯлоб Конференсияи IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори якҷояи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» Конференсияи IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Иштирокчиёни Конференсияи IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни маърузаи илмӣ аз нақши ин ҳизб дар рушди ҷомеа ва бунёдгузории давлати ҳуқуқбунёд ёдовар шуд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Дар Конференсияи илмӣ-назариявии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамчунин сиёсатмадорон ва олимону пажуҳишгарони риштаҳои гуногуни илм аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла роҳбари дирексияи барномаҳои таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Русия (тариқи фосилавӣ), дотсенти кафедраи сиёсатшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии Москва ва омӯзгори муассисаи таълимии Русия-Тоҷикистон маърузаи илмӣ карданд.
Дар ҷараёни суханронии донишмандону пажуҳишгарон гуфта шуд, ки илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ гардида, ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд.
Зимни маърузаҳои илмӣ сиёсатшиносону олимон таъкид доштанд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ санаҳои пурарзиш ва сабақомӯзе ҳастанд, ки аз ояндаи нек башорат медиҳанд ва мардумро ба амалӣ намудани ташаббусҳои шоиставу ифтихорӣ ҳидоят менамоянд. Маҳз ҳамин садоқату ифтихор заминаи устувори марҳилаи рушду пешрафт ва таъмини таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардида, дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ташаббусҳои сатҳи баланд ва шоистаи таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон









ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






