«СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ». Доир ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон машғулият доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар даҳ беморхонаи ноҳиявии пилотии мамлакат таҳти унвони «Сифати хизматрасонии тиббӣ» машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта шуд. Ҳамин аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоюли паст шудани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак, аз ҷумла нишондиҳандаи фавти модарон 2,7 маротиба ва фавти кӯдакон 3 маротиба ба назар мерасад.
Ба иштирокчиён доир ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар даҳ беморхонаи ноҳиявии пилотии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд






