Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 18.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкории дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири барномаҳои макроиқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роналд Гиндрат дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки шарикӣ бо ин ташкилоти бонуфуз имкон дод, то тайи солҳои охир дар бахши молия ва низоми бонкӣ як қатор ислоҳоти муҳим татбиқ гардад. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои SECO ба якчанд дастурамалу низомномаҳои бахши назорати бонкӣ, аз қабили идоракунии корпоративӣ, суботи молиявӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва дигар воситаҳои танзими бонкӣ тағйирот ворид гардид, ки онҳо натиҷаҳои назаррас нишон доданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ислоҳоти бахшҳои бонкӣ бо мақсади таҳкими механизмҳои танзиму назорати фаъолияти ташкилоти молиявии қарзӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии идоракунии буҳрон дар бахши молиявӣ, таҳияи моделҳои санҷишии макростресс, ҷалби мушовирон барои рушди бозори коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи модули IFT ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» иброз намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5003 то 9.5100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад






