НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД-2024».Дар он молу маҳсулоти 200 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ муаррифӣ гардид

Июнь 20, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024», ки 18-19 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, зиёда аз 200 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорону тоҷирони ватанию хориҷӣ номгӯи зиёди молу маҳсулоти саноатию  кишоварзӣ, ҳунармандӣ, техникаю таҷҳизот, барномаю лоиҳаҳои молиявию қарзӣ, сармоягузорӣ ва имконияту харитаҳои сайёҳиро пешниҳоду муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар рӯзи дуюми Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» дар самти ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, воридоти хатҳои нави технологӣ ва содироти молу маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаҳои  гуногуни олам доираҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин росто бо соҳибкорону молистеҳсолкунандагони мамлакат созишиномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар намоишгоҳ корхонаҳои саноати сабук ва нассоҷӣ, коркард, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муассисаҳои молиявӣ, лизингӣ, нақлиёту логистика, сохторҳои илмию техникӣ имконияту иқтидорҳоро муаррифӣ намуда, соҳибкорону молистеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои хориҷӣ ҷиҳати ташкили истеҳсолоти муштарак, таъсиси намояндагиҳо, ҷалби бештари сармоя ва афзун намудани табодули молу маҳсулот таклифу пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ соҳибкорону молистеҳсолкунандагон раванди фурӯши маҳсулот, идоракунӣ, маркетинг, хидматрасонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи савдою тиҷоратро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Агар дар гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат бештар ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содирот карда мешуд, давоми солҳои охир бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ин раванд тағйир ёфт. Яъне, бо татбиқи ҳадаф ва нақшаҳои рушди саноат содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат зиёд гардид. Дар Тоҷикистон ҷиҳати комёб шудан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, васеъ намудани харитаи содирот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав ва вориди хатҳои нави технологӣ имконияту иқтидорҳои мавҷуда самраноку оқилона истифода бурда мешаванд.

Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» имкон медиҳад, дар оянда ҳамкорӣ  боз ҳам тақвият ва ҳаҷми содирот, хусусан содироти молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат афзоиш ёбад.

Гуфта шуд, ки ҳамасола танҳо аз вилоят Суғд ба хориҷи мамлакат бештар аз 150 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҷот ва сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза  содирот карда мешавад. Ин рақам ниҳоӣ нест ва дар сурати бештар гардидани харидорони хориҷӣ зиёд шудани ҳаҷми содирот имкон дорад.

Барои доираҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои хориҷӣ шароит ва имконияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ муррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорону соҳибкорон шароити мусоид фароҳам буда, бештар аз 100 номгӯи имтиёзу сабукиҳои андозию гумрикӣ  пешниҳод шудааст ва дар натиҷаи ҳамкории судманд марҳила ба марҳила шумораи корхонаҳои муштарак зиёд ва табодули молу маҳсулот байни давлатҳо афзоиш меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 20, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Шурои Фонди иқлими сабз аккредитатсияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зистро тасдиқ намуд
Бонки ҷаҳонӣ: «Иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба таври назаррас рушд ёфтааст»
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ шуд
РУШДИ САНОАТ. Имсол дар Хатлон 40 корхонаи саноатӣ таъсис ёфт
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти «Маркази барқу гармидиҳии -2»-и шаҳри Душанбе шинос шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба 365 миллион сомонӣ расонида шуд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ҷаҳонро атрофи масъалаи об муттаҳид намуд»
5750 метр доманакӯҳҳои ҳудуди Хоруғ зинакунонӣ гардонида шуд
Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад
Масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи обу энергетика дар Ню-Йорк баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид