Зардолуи Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамто надорад
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зардолупарварӣ яке аз бахшҳои рушдёфтаи боғдорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Имрӯз зардолу ҳам дар шакли тар ва ҳам хушк дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон майдони умумии зардолубоғ 34 ҳазор гектар васеъ шудааст. Дар айни замон ҷамъоварӣ, коркард ва содироти зардолу аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо идома дорад.
Истифодаи бештари имконияти табиӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосири парвариш ва меҳнати пайваста ба васеъшавии майдони зардолубоғ дар Тоҷикистон оварда расонид.
Соли 1991 майдони умумии боғи зардолу дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор гектарро ташкил менамуд. Соли 2024 майдони умумии боғи зардолу ба 64 ҳазор гектар баробар шудааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон майдони умумии боғи зардолу 34 ҳазор гектар васеъ шудааст.
Ба гуфти академик Турсунбой Аҳмадов, «айни замон дар Тоҷикистон 200 номгӯй навъу намунаҳои зардолу парвариш меёбанд, ки онҳо хеле маъмул ва таърихи зиёд низ доранд. Ин навъҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, берун аз Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд, ки онҳо боғ бунёд намуда, аз ин навъҳо истифода мекунанд. Таърихи парвариши дарахти зардолу ва ба даст овардани ҳосили он дар миқёси Тоҷикистон қариб 5-6 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар ин давра деҳқонон, шахсони алоҳида ва олимон тавонистанд якчанд навъҳои маҳаллии дарахти зардолуро офаранд ва онҳо чун навъҳои маъмул дар Тоҷикистон ва берун аз он васеъ паҳн шуданд. Сифатан ин зардолуе, ки дар шароити Тоҷикистон парвариш карда мешавад, ба худ ҳамто надорад».
Дар ин шабу рӯз ҷамъоварии ҳосил ва содироти зардолу ба давлатҳои дуру наздики олам идома дорад. Деҳқонони мамлакат аз майдони тақрибан 50 ҳазор гектар ҳосили ин намуди меваро ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳазорҳо тонна зардолу дар шакли тару хушк ба давлатҳои Осиёву Аврупо содирот карда мешавад.
Дар доираи сиёсати аграрии Ҳукумати мамлакат таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, баланд шудани малакаи зардолупарварон, парвариши навъу намунаҳои тобовар ба шароити хушксолӣ ва васеъ кардани майдон ба афзоиши истеҳсоли зардолу мусоидат кардааст.
Турсунбой Аҳмадов таъкид намуд, ки «солҳои пеш вақте ки маҳдудияти роҳ буда, Тоҷикистон ба се қисм тақсим буд ва то моҳҳои июн-июл- то замоне, ки ағбаи Анзоб, Шаҳристон ва аз ин ҷониб то Бадахшон кушода мешуданд, мо наметавонистем меваи тару тозаи зардолуро ба миқдори дилхоҳ ба берун содирот кунем. Ҳоло бо сохтмони нақбҳо, кушода шудани роҳҳои байналмилалӣ, ҳосилро бевосита аз сари боғ ҷамъ карда, бастубанд намуда, ба берун аз ҷумҳурӣ бурда, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ зардолуи Тоҷикистон ҳам дар ҳолати тару тоза ва ҳам коркардшуда пешниҳод ва соҳиби баҳои баланд мегардад».
Соли 2018 дар Тоҷикистон 167 ҳазор тонна зардолу истеҳсол шуда буд. Соли 2023 истеҳсоли зардолу ба 240 ҳазор тонна баробар шудааст. Яъне давоми панҷ соли охир истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон 73 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Дар айни замон зардолу дар 68 давлати дунё ҳамчун меваи дўстдошта парвариш карда мешавад. Майдони умумии зардолубоғ дар ҷаҳон 560 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 64 ҳазор гектар ё 15 фоизаш ба Тоҷикистон рост меояд. Яъне андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу дар ҷаҳон табдил ёбад. Тавре дар сарчашмаҳои илмӣ омадааст ва натиҷаи таҷрибаҳои амалӣ нишон додааст, дар шароити дигаргуншавии иқлим ва хушксолӣ дар заминҳои ҳосилхезиашон паст ё санглох парвариши зардолу муфид аст.
«Мо соли 2013 ва такроран соли 2016 китобе бо номи «Зардолуи Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп кардем. Ин китоб на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар берун аз он низ васеъ паҳн шуд. Мо тасмим гирифтем, ки ин китобро бо назардошти дар бар гирифтани технологияи нав, навъҳои нави бурунмарзӣ, коркарди маҳсулот ва ба содирот равон кардани он аз нав бо теъдоди зиёд аз чоп барорем», — гуфт Турсунбой Аҳмадов.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот барои афзоиши истеҳсоли зардолу заминаҳои рушдро таъмин намуд. Ҳадафи имрӯза дар Тоҷикистон ҳарчи бештар ба истифода додани таҷрибаҳои муосири боғдорӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, истифодаи бештари имконияти табиӣ, афзоиши истеҳсоли зардолу ва васеъкунии имконият барои зиёдкунии содироти ин меваи хушлаззати Тоҷикистон ба давлатҳои дуру наздики олам мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»