Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид

Июль 22, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Вазорат ба Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) барои дастгирии талошҳои мо оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон арҷ мегузорад»,- чунин гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, хусусан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст.

Гуфта шуд, ки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар айни замон воситаҳои асосии навсозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки Низоми электронӣ таҳия шудааст, ки шаффофият ва самаранокии раванди додани ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҳамлу нақли автомобилӣ баланд мебардорад. Низоми мазкур равандҳои тиҷоратро автоматӣ намуда, суръати қабули қарорҳоро беҳтар месозад ва инчунин дастрасӣ ба иттилоотро барои интиқолдиҳандагон осон мегардонад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Амрико изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид