НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои Ёвон ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор тонна семент содирот намуданд
ЁВОН, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали имсол аз корхонаҳои истеҳсоли сементи ноҳияи Ёвон- «Хуаксин Ғаюр семент» 59 ҳазору 593 тонна ва аз корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» 49 ҳазору 245 тонна семент ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст. Ҳамчунин дар ин давра 5 коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Муҳаммад пласт” ва ҶДММ “Рустам пластик”, бомпӯшҳои оҳанини ҶДММ “Дидор сохтмон”, истеҳсоли хишти ҶДММ “Хиштҳои сабуки Ёвон” ва истеҳсоли мебели ҶДММ “Имрон мебел” бо шумораи умумии 20 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶСП “Комрон Агрохолдинг”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ҶДММ “Комплекс Токфеникс”, истеҳсоли қуми ҶДММ “Сангу шағали Ёвон сохтмон” ва истеҳсоли хишти сементии ҶДММ “Музаффари Анушервон”, ки имконияти фаъол гардидан надоштанд, самти фаъолияташонро дигар намуда, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Ёвон 265, 62 миллион-кВт неруи барқро қабул намуд, ки аз ин 200,5 миллион-кВт барқи фоиданок буд. Талафоти неруи барқ дар ноҳияи Ёвон 24,22 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарздорӣ аз истифодаи қувваи барқ 131,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 74,03 миллион сомонӣ зиёд аст.
Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК “Тоҷикхимпром” 62,3 миллион сомонӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия- 40 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ- 9,4 миллион сомонӣ ва корхонаи обу канализатсия 1,8 миллион сомонӣ мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






