Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон 27 сентябр нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номид, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурати шинохти «Шоҳнома»-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шуд.
Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри «Шоҳнома» ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.
Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синни мухталиф аз кишварҳои гуногун 5 шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Яке аз онҳо- Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуда, сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид.
Қарор шуд, ки ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ минбаъд ҳамасола бо иштироки шоҳномахонон аз кишварҳои минтақа баргузор гардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»






